Апрел 16, 2018 18:00 Asia/Dushanbe

Вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон бо истиқболи Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон вориди фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе шуд.

Ба нақл аз расонаҳои тоҷикӣ, Муҳаммадҷаводи Зариф субҳи имрӯз барои ширкат дар 23-умин Нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви ECO вориди Тоҷикистон шуд.

Гуфтугӯ бо раисҷумҳур ва вазири хориҷаи Тоҷикистон аз дигар барномаҳои вазири хориҷаи Эрон аст.  

23-умин Нишасти Шӯрои вазирони хориҷии созмони ECO 16 то 17 апрели 2018 дар Душанбе баргузор мешавад.