Апрел 17, 2018 12:17 Asia/Dushanbe
  • Ба шаҳодат расидани чаҳор марзбони эронӣ дар даргирӣ бо террористон

Муовини иҷтимоии фармондеҳии марзбонии устони Систон ва Балучистон, ҷанубу шарқи Эрон аз шаҳодати чаҳор марзбони эронӣ дар даргирӣ бо террористон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Донишҷӯён”-и Эрон, Абулҳасан Зиёӣ гуфт, ин даргирӣ соти 13:30, рӯзи сешанбе дар бахши марзии Регмалики шаҳристони Мирҷова рӯй дод. Ӯ афзуд, як тими террористӣ аз дохили хоки Покистон бо ҳамла ба дидбонгоҳи марзбонии нирӯҳои интизомии Эрон қасди тасарруфи онро доштанд, ки бо муқовимати шадиди нерӯҳои марзбонии мустақар дар он ҷо мувоҷеҳ шуда ноком монданд.

Се террорист дар ин даргирӣ ба ҳалокат расид. Се марзбони эронӣ низ дар табодули оташ бо террористҳо захмӣ шуданд.

Ашрори мусаллаҳ дар солҳои ахир бо иҷрои амалиёти террористӣ аз дохили хоки Покистон теъдоде аз шаҳрвандону марзбонони Ҷумҳурии Исломии Эронро дар манотиқи марзии устони Систон ва Балучистон ба шаҳодат расондаанд. Марзи ҷанубу шарқи Эрон дар устони Систон ва Балучистон ҳамчунин маҳалли даргирии нерӯҳои марзбонии Эрон бо қочоқчиёни маводи мухаддир аз Афғонистон низ ҳаст.