Имрӯз - Рӯзи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон
Имрӯз (чаҳоршанбе), 29-уми фарвардин (18-уми апрел) рӯзи таҷлил ва такрими диловармардиҳо ва рашодатҳои персонали Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
Номгузории 29-уми фарвардин ба номи Рӯзи Артиш аз ибтикороти Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон буд. Он ҳам дар шароите, ки артиши ҷумҳурии исломӣ бо коршиканиҳои мухталифи дохилӣ ва хориҷӣ рӯбарӯ буд.
Ба муносибати 29-уми фарвардин - Рӯзи Артиши ҷумҳурии исломӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон суханронӣ мекунад ва режа (парад ё гашти низомӣ) –и ягонҳои намунаи артиши Эрон аз муқобили раиси ҷумҳурӣ ва мақомоти олирутбаи артиши ҷумҳурии исломӣ, дар ҷавори марқади Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд.
Ҳамзамон бо режаи саросарии ягонҳои намунаи артиш, шомили нерӯи заминӣ, нерӯи ҳавоӣ, нерӯи дарёӣ, падофанди ҳавоӣ ва дидбон, ду режаи дарёӣ дар обҳои ҷануб ва шимоли Эрон низ тавассути Нерӯи дарёии артиш анҷом хоҳад шуд.
Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон нақши муҳиме дар тақвияти тавони дифоӣ ва низомии Эрон дорад ва ҳамчунон аз манофеи ҷумҳурии исломӣ дар арсаҳои мухталиф дифоъ кардааст.