Евро ҷойгузини доллар дар таколифи арзии Эрон шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i32856-Евро_ҷойгузини_доллар_дар_таколифи_арзии_Эрон_шуд
Ҳайъати давлати ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷаласаи худ ба раёсати Ҳасани Рӯҳонӣ, евроро ҷойгузини доллар дар таколифи арзӣ кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 18, 2018 17:03 Asia/Dushanbe
  • Евро ҷойгузини доллар дар таколифи арзии Эрон шуд

Ҳайъати давлати ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷаласаи худ ба раёсати Ҳасани Рӯҳонӣ, евроро ҷойгузини доллар дар таколифи арзӣ кард.

Давлат ҳамаи вазоратхонаҳо, созмонҳо ва ширкатҳои давлатии Эронро муваззаф кард, арзи евроро ба унвони арзи мабноии гузоришгарӣ ва интишори омор, иттилоот ва додаҳои молии худ мавриди истифода қарор диҳанд.  

Бонки марказии Эрон муваззаф шуд, аз таърихи иблоғи ин мусавваба, нархи баробарии риёл муқобили евроро доиман эълом ва мудирият кунад.  

Нархи арз дар Эрон рӯзҳои гузашта навасони зиёде дошт ва давлат сиёсати такнархӣ шудани арзро эълом ва иҷроӣ кардааст.