Апрел 20, 2018 17:42 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ню-Йорк ҳушдор дод, хориҷ шудани Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ паёмадҳои «бисёр нохушоянде» барои Вашингтон хоҳад дошт.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, ки барои ширкат дар иҷлоси олирутбаи «Сулҳи пойдор» ба Ню-Йорк сафар кардааст, дар посух ба саволи хабарнигорон дар бораи вокуниши Эрон ба хуруҷи эҳтимолии Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳатман бар асоси манофеи худ амал мекунад ва дар БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаӣ) ва беруни он интихобҳои густурдае барои иҷро дорад.

Зариф гуфт: Ҳатман иқдоми Эрон ва вокуниши ҷомеаи байналмилал ба хориҷ шудани Амрико аз БАРҶОМ, барои амрикоиҳо бисёр нохушоянд аст.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико бо иддаои ин, ки тавофуқи ҳастаии Эрон ва 5+1, танҳо манофеи Ҷумҳурии Исломии Эронро таъмин мекунад ва ба зиёни Амрико аст, хоҳони тағйири БАРҶОМ дар ростои манофеи Вашингтон аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Федерика Могерини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва дигар тарафҳои тавофуқи ҳастаӣ борҳо таъкид кардаанд, ки тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон тавофуқе нест, ки битавон тағйире дар он ба вуҷуд овард.

 

Барчасп