Апрел 23, 2018 10:29 Asia/Dushanbe
  • Гузинаи Эрон дар сурати хурӯҷи Амрико аз тавофқуи ҳастаӣ

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо пойгоҳи хабарии амрикоии “Al-Monitor” тасреҳ кард, ҷиддитарин гузинаи Эрон дар сурати хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ, аз саргирии бисёр пешрафтатари барномаи сулҳомези ҳастаӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Муҳаммадҷаводи Зариф бо таъкид бар ин ки давлати Амрико ҳаргиз ба тааҳҳудоташ дар қиболи БАРҶОМ амал накардааст, тасреҳ кард, Эрон ҳамвора бар асоси манофеи миллиаш тасмимгирӣ мекунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон ба талошҳои Амрико дар 15 моҳи гузашта барои ҷилавгирӣ аз баҳраманд шудани Эрон аз манофеи иқтисодии БАРҶОМ, ишора кард ва афзуд, хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ таъсири чандоне бар иқтисоди Эрон нахоҳад дошт.

Зариф дар хусуси талошҳои Олмон ва Фаронса барои ташдиди фишор бар Эрон, бо ҳадафи мутақоид кардани Амрико ба мондан дар БАРҶОМ низ гуфт, ин сиёсати «иштибоҳ» аст ва ин кишварҳо агар ба фикри манофеи худ ва Аврупо ҳастанд, бояд Доналд Трамп, раисиҷумҳур Амрикоро мутақоид кунад, илова бар мондан дар тавофуқи ҳастаӣ, тааҳҳудоти Вашингтонро ба дурустӣ ва бо ҳусни ният иҷро кунад.

Трамп бо иддаои ин, ки тавофуқи ҳастаӣ танҳо манофеи Ҷумҳурии Исломии Эронро таъмин мекунад, хоҳони тағйири мафод(банд)-ҳои БАРҶОМ дар ростои манофеи Вашингтон аст.

Дар ҳамин росто, Трамп 12 январ таълиқи таҳримҳои ҳастаии Эронро тамдид кард, аммо шартҳое, аз ҷумла тағйири бархе бандҳои БАРҶОМ, дастрасӣ ба сайтҳои низомӣ ва таҳрими мушакии Эронро барои нигоҳ  доштани кишвараш дар БАРҶОМ эълом кард ва гуфт, агар Конгресс ва Аврупо ин шартшоро муҳаққақ накунанд, дар мавъиди баъдӣ (120 рӯзи дигар - 12 май) таълиқи таҳримҳоро тамдид намекунад ва аз БАРҶОМ хориҷ хоҳад шуд.

Коршиканиҳои Амрико дар иҷрои БАРҶОМ бо роҳёбии Трамп ба Кохи Сафед ба таҳдиди лағви ин тавофуқи байналмилалӣ, табдил шудааст.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 (Бритониё, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) аз январи 2016 иҷроӣ шудааст.

 

 

 

Барчасп