“Times”: Ҳушдори Зариф муҳосиботи Трампро печида кард
(last modified Mon, 23 Apr 2018 08:14:05 GMT )
Апрел 23, 2018 13:14 Asia/Dushanbe
  • “Times”: Ҳушдори Зариф муҳосиботи Трампро печида кард

Рӯзномаи англисии “Таймз” дар гузорише навишт, ҳушдори вазири умури хориҷаи Эрон ба Амрико, муҳосибаҳои Доналд Трампро дар музокира бо Кореяи Шимолӣ ба ҳам дод.

Рӯзномаи “Таймз”-и Лондон рӯзи душанбе навишт: «Эрон эъломи омодагӣ кардааст, ки барномаи ҳастаии худро дар сурати хурӯҷи Амрика аз БАРҶОМ "бо ҷиддият" думбол кунад. Ба назар мерасад, ин изҳорот ба гунае ҳисоб шуда матраҳ шуда, то кори раисиҷумҳури Амрикоро, ки худро барои гуфтугӯ бо Ким Чен Ин дар бораи барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ омода мекунад, душвор кунад.»

Ин нашрия афзуд, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон гуфтааст, ки таҳдиди Амрико барои бозгардондани таҳримҳое, ки дар соли 2015 лағв шуд, ин паёми хатарнокро мефиристад, ки наметавон ба суханони Амрико эътимод кард.

Ба навиштаи “Таймз”, тасмими Амрико зидди тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ҳамчунин сабаб мешавад, ки Кореяи Шимолӣ, даст аз таваққуфи барномаи ҳастаии худ бикашад.

Рӯзномаи “Таймз” дар идома навишт, Доналд Трамп атрофи худро бо мушовирони ҷангталаб пур карда, ки тавофуқи ҳастаии Эронро маҳкум ва расман аз тағйири ҳукумати дар ин кишвар, сухан мегӯянд.

Ин нашрия бо ёдоварии ин, ки Трамп қасд дорад дар тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, ки дар даврони раёсатҷумҳурии Барак Обама ва дар беш аз як даҳа музокира ба натиҷа расид, тағйир эҷод кунад, навишт, Зариф гуфтааст, ки Эрон зери бори маҳдудиятҳои ҷадид нахоҳад рафт ва омодааст, ки бо шиддат барномаи ғанисозии урани худро аз сар бигирад.