Апрел 23, 2018 19:16 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши забони форсӣ дар 200 донишгоҳи ҷаҳон

Раиси маркази омӯзиши забони форсии Эрон гуфт: 200 донишгоҳ дар кишварҳо ва қораҳои мухталифи ҷаҳон дар ҳоли омӯзиши забони форси ба донишҷӯён ҳастанд.  

Ризо Мурод Саҳроӣ афзуд: Дар марокизи донишгоҳии қораи Осиё ва кишварҳои ҳамсояи Эрон, аз ҷумла Қазоқистон, Туркия, Чин, Бангладеш, Туркманистон, Русия, Ироқ, Лубнон, Сурия ва Қатар, забони форсӣ тадрис мешавад.  

Вай дар ҳамоиши “Вазъияти омӯзиши забони форсӣ дар ҷаҳон” дар Теҳрон ҳамчунин эълом кард: Дар Ҳинд ҳам дар беш аз 40 нуқта забони форсӣ ҳатто то мақтаи докторӣ тадрис мешавад ва ҳафтаи гузашта омӯзиши забони форсӣ дар мақтаи пасодокторӣ дар донишгоҳи Панҷоби Ҳинд тасвиб шуд.  

Раиси маркази омӯзиши забони форсии Эрон дар идома гуфт: Забони форси дар пойтахтҳои аврупоӣ аз ҷумла Афина, Стокҳолм, Берлин, Белград, Париж, Рум, София, Лондон, Мадрид, Вена ва Варшава ҳам тадрис мешавад.