Апрел 24, 2018 11:48 Asia/Dushanbe
  • Мусалмон шудани як ҷавони ҳиндӣ дар ҳарами Имом Ризо

Ҷавони ҳиндии муқими Канада дар ҳарами Имом Ризо (а), дар шаҳри Машҳади Эрон ба дини мубини Ислом машарраф шуд.

Гуртх Сникх Баҳоти, ҷавони 29-солаи ҳиндӣ, ки дорои мадраки коршиноси тарбияти баданӣ аз Донишгоҳи Тронтои Канада аст, бо ҳузур дар дафтари мудирияти зоирони ғайриэронии Остони Қудси разавӣ бо адои шаҳодатайн мусалмон шуд. Ӯ, ки пас аз мусалмон шудан номи Амиралиро интихоб кардааст, бузургтарин омили ҷазби худ ба дини мубини Исломро Қуръони карим ва омӯзаҳои ин китоби шариф хонда гуфт: «Ошноӣ бо ин китоби осмонӣ ҷаззобтарин ва шигифтангезтарин бахши зиндагии ман аст». Баҳоти афзуд: «Вақте Қуръонро бо тарҷумааш мехонам, ба шиддат маҷзуби он мешавам ва бо андешаву тафаккур дар бораи оёти Қуръон онро роҳнамои дурусте барои зиндагии худ медонам».

Ҷавони тозамусалмоншудаи ҳиндӣ ҳиҷоб ва навъи нигоҳи Ислом ба занро низ аз дигар далоили гароиши худ ба дини Ислом дониста гуфт: «Ин ки дар Ислом нигоҳи абзорӣ нисбат ба зан вуҷуд надорад ва бо вуҷуди ҳузури занон дар арсаҳои иҷтимоӣ каромат ва шаъни инсонии онҳо маҳфуз мемонад, бароям бисёр ҷолиб буд». Ӯ ҳамчунин зимни ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар боргоҳи мунаввари разавӣ гуфт, меъмории зебо ва фазои рӯҳангезе дар ин макон вуҷуд дорад, ки ҳар бинандаеро маҷзуб мекунад.