Поёни нишасти гуфтугӯҳои фарҳангии Эрону Афғонистон дар Кобул
Нахустин нишасти гуфтугӯҳои фарҳангии Эрону Афғонистон, ки дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи Кобул оғоз шуда буд, рӯзи душанбе ба кори худ поён дод.
Ба гузориши ИРНА, нахустин нишасти гуфтугӯҳои фарҳангии Эрону Афғонистон рӯзи якшанбе ҳамзамон бо баргузории Намоишгоҳи китоби Эрон дар Донишгоҳи Кобул ва бо ҳузури 10 тан аз раисону устодони донишгоҳҳои Эрон ва ҷамъе аз устодону фарҳехтагони Афғонистон оғоз шуда буд. Рӯзи душанбе дар дувумин рӯзи ин гуфтугӯҳо устодони эронӣ ва андешамандони Афғонистон мақолоти худро ба унвони "Ҷойгоҳи ирфон ва тасаввуф дар мутуни классикии адабӣ", "Нисбати ирфон ва тасаввуф бо адабиёт" ва "Ирфон дар нигоҳ ва андешаи бузургони адабиёти форсӣ" ироа карданд.
Қарор аст, дабирхонаи доимии ин гуфтугӯҳо дар Донишгоҳи Кобул ва яке аз донишгоҳҳои Эрон фаъол ва даври баъдии гуфтугӯҳо соли оянда дар Эрон баргузор шавад.