Апрел 24, 2018 19:31 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрико ҳеҷгоҳ ба тавофуқи ҳастаӣ пойбанд набудааст

Вазири хориҷаи Эрон дар бораи эҳтимоли хориҷ шудани Амрико аз тавофуқи ҳастаии гурӯҳи 1+5 бо Эрон гуфт: Амрико ҳамин ҳоло ҳам дар ҳоли нақзи тавофуқи ҳастаӣ аст.  

Муҳаммадҷаводи Зариф дар мусоҳиба бо маҷаллаи амрикоии the national interest дар бораи эҳтимоли хориҷ шудани Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) гуфт: Амрико дар давраи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп дар воқеъ бахше аз БАРҶОМ набуда ва тақрибан тамоми тааҳҳудоташро нақз кардааст.  

Вай гуфт: Агар Амрико ба таври расмӣ аз БАРҶОМ хориҷ шавад, паёмади фаврӣ ин хоҳад буд, ки Эрон аз қайди ҳар тааҳҳуде барои боқӣ мондан дар БАРҶОМ раҳо хоҳад шуд.  

Зариф гуфт: Сиёсати кунунии Амрико дар ниҳоят на манофеи сулҳ ва амнияти байналмилалиро таъмин хоҳад кард ва на манофеи Амрикоро, зеро Амрико худро ба унвони шарике ғайри қобили эътимод дар музокира муаррифӣ мекунад.