Зариф: Умедворем сарони Фаронса ва Олмон ба Трамп бифаҳмонанд
(last modified Tue, 24 Apr 2018 15:06:04 GMT )
Апрел 24, 2018 20:06 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Умедворем сарони Фаронса ва Олмон ба Трамп бифаҳмонанд

Вазири хориҷаи Эрон гуфт, сарони Фаронса ва Олмон дар сафар ба Вашингтон бояд ба Трамп бифаҳмонанд тавофуқи ҳастаӣ дар чорчуби манофеи Амрико ва ҷомеаи байналмилал аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, ки барои ширкат дар нишасте дар андешкдаи Шӯрои равобити хориҷии Амрико ба Ню-Йорк сафар кардааст, дар гуфтугӯ бо радиои Эн Пи Ор гуфт: Умедворем, раисҷумҳур Макрон ва пас аз ӯ садриаъзам Меркел аз фурсати сафари худ ба Амрико истифода кунанд, то ба Трамп бифаҳмонанд тавофуқи ҳастаӣ ба ҳамин шакли кунуниаш дар ростои манофеи Амрико ва ҷомеаи байналмилал аст.  

Эмануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса имрӯз ва Ангела Меркел, садриаъзами Олмон низ ҷумъаи оянда дар Вашингтон бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дидор мекунанд.  

Трамп хоҳони тағйир дар тавофуқи ҳастаӣ аст.