Апрел 27, 2018 18:07 Asia/Dushanbe
  • Зариф шанбе ба Маскав меравад

Баҳроми Қосимӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа гуфт: Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон фардо (шанбе) ба манзури ширкат дар нишасти сеҷонибаи вазирони умури хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия дар бораи Сурия ба Маскав сафар хоҳад кард.

Вазирони хориҷаи се кишвар, 16 марти 2018 низ дар Остона пойтахти Қазоқистон дар хусуси Сурия гирди ҳам омада буданд.

Се вазир ҳамчунин раисони ҷумҳурии худро дар нишасти Анкара дар 4 апрели 2018 дар бораи Сурия ҳамроҳӣ карданд.

Вазирони хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия пеш аз ин ҳам ба сурати сеҷониба дар бораи Сурия ба ройзанӣ пардохта буданд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз кишварҳои таъсиргузори минтақа ҳамвора ба дунболи ҳалли буҳронҳои Хорвари Миёна, аз ҷумла буҳрони Сурия аз тариқи гуфтугӯ ва сиёсӣ будааст.

Дар ҳамин росто музокироти Остона аз январи 2017 бо ибтикори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамкории Русия ва Туркия, бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия оғоз шудааст.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд.

 

Барчасп