Пайвасти 250 бонки аврупоӣ ба бонкҳои Эрон
Масъули бахши Эрон дар тарҳи «чашмандози Эрон дар Иттиҳоди Аврупо» бо таъкид бар пойбандии аъзои ин иттиҳодия бар ҳифзи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), гуфт, 250 бонки аврупоӣ ба бонкҳои эронӣ муттасил (пайваст) шудаанд.
Ба гузориши ИРНА, Энн Мари Фэндер Хайден, масъули бахши Эрон дар проекти «чашмандози Эрон дар Иттиҳоди Аврупо», рӯзи шанбе дар шашумин ҳамоиши тиҷорӣ ва бонкии Эрон ва Аврупо дар Теҳрон, дар бораи равобити бонкии ду тараф, изҳор кард, Эрон бояд итминон ёбад, ки эътимоди бонкҳои аврупоӣ ҷалб шудааст ва онҳо ба таомули иқтисодӣ бо Эрон ворид шудаанд.
Фэндер Хайден афзуд, бисёре аз бонкҳои аврупоӣ каналҳои барои ҳамкорӣ бо Эрон ёфтаанд ва аз ин тариқ равобити худро бо Ҷумҳурии исломӣ, густариш додаанд.
Масъули бахши Эрон дар проекти «чашмандози Эрон дар Иттиҳоди Аврупо» ҳамчунин ҳамкории Эрон бо Гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ (FATF) барои иҷрои муқаррароти мубориза бо пулшуӣ ва татбиқ бо муқаррароти бонкдории байналмилалиро хостор шуд ва таъкид кард, Иттиҳоди Аврупо, Эронро дар заминаи сармоягузориҳои кӯчак ва мутавассит ёрӣ хоҳад кард.
Фэндер Хайден бо баёни ин ки БАРҶОМ қобили музокираи муҷаддад ва қобили тағйир нест гуфт, БАРҶОМ кори худашро анҷом медиҳад ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ дар 10 гузориш эълом карда, ки Эрон ба тааҳҳудоташ комилан амал кардааст.
Шашумин ҳамоиши тиҷорӣ ва бонкии Эрон - Аврупо имрӯз (шанбе) дар Теҳрон, оғоз ба кор кард ва то фардо (якшанбе) идома дорад.