Баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар боздид аз намоишгоҳи санъати дифоӣ
Фармондеҳи кулли қувваҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз фанновариҳои пешрафта, бумӣ ва донишбунёни неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон боздид карданд.
Ҳазрати Оятуллоҳилузмо Хоманаӣ рӯзи чаҳоршанбе пас аз боздид аз фанновариҳои пешрафта, бумӣ ва донишбунёни неруҳои мусаллаҳи Эрон дар ҷамъи вазир, масъулон, муҳаққиқон ва мутахассисони Вазорати дифои Эрон, таъкид карданд: Афзоиши тавони дифоӣ ва таҳоҷумӣ ҳаққи мусаллам ва қатъии Ҷумҳурии исломӣ аст.
Фармондеҳи муаззами кулли қувваҳо пешрафтҳо дар санъати дифоии Эронро натиҷаи ҳаракати азими илмии Эрон дар солҳои охир донистанд ва таъкид карданд: Донишмандони ҷавони Эрон муваффақ ба шикастани хатҳои марзии илм шудаанд, зеро пешрафт дар ҳар арсае, заминасози пешрафтҳои ҷадид дар бахшҳои дигар хоҳад шуд.
Эшон бо таъкид бар лузуми идомаи масири афзоиши тавони дифоӣ гуфтанд: Дар дунёе ки қудратҳои зӯргӯ, султагар ва дорои камтарин ҷавҳараи ахлоқ, виҷдон ва инсоният ҳоким ҳастанд ва аз таҷовуз ба кишварҳо ва куштори инсонҳои бегуноҳ ҳеҷ ибое надоранд, тавсиаи саноеи дифоӣ ва таҳоҷумӣ комилан табиӣ аст, зеро ин қудратҳо то иқтидори кишварро эҳсос накунанд, амният таъмин нахоҳад шуд.
Фармондеҳи муаззами кулли қувваҳо, бо ибрози ризоят аз дастовардҳои санъати дифоии Эрон афзуданд: Дар Эрон барои густариши саноеи дифоӣ маҳдудиятҳои вуҷуд дорад ва силоҳҳои куштори ҷамъӣ ҳамчун силоҳи кимиёӣ ва силоҳи ҳастаӣ, бар асоси мабонии эътиқодӣ ва динӣ мамнӯъ ҳастанд.
Эшон бо ишора ба нороҳатии қудратҳои султагар аз хариди таҷҳизоти дифоии Эрон аз баъзе кишварҳо тасреҳ карданд: Ин қудратҳо, ки муддаии ақл ва инсоф ҳастанд ва дар хусуси салоҳияти ахлоқии кишварҳо барои доро будан ё доро набудани бархе таҷҳизоти дифоӣ сухан мегӯянд, худ ба ҳеҷ як аз усули ахлоқӣ пойбанд нестанд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, бузургтарин гуноҳи давлати кунунии Амрикоро эҷоди шабакаҳои террористии хатарнок хонданд ва таъкид карданд: Давлати кунунии Амрико, як гурӯҳи террористиро ба зоҳир мавриди ҳамла қарор медиҳад ва як гурӯҳи дигари террористиро мустасно мекунад, ки маънии он, ҳокимияти сиёсат бар ахлоқ аст.
Эшон бо баёни инки агар тасаввур кунем бо музокира бо Амрико метавон ба тафоҳум ва нуқоти муштарак расид, иштибоҳ аст, афзуданд: Таҷриба собит карда, ки амрикоиҳо дар музокирот ба ҷойи тафоҳум, ба дунболи таҳмили хостаҳои худ ҳастанд.