Орзуи тағйири номи Халиҷи Форс бар дили истеъморгарон хоҳад монд
Мушовири Раҳбари муаззами инқилоб исломӣ дар умури байналамилал гуфт: Он чизе, ки дар ниҳоят қатъӣ хоҳад монд, номи ҷовидони Халиҷи ҳамеша Форс аст.
Алиакбари Вилоятӣ рӯзи якшанбе дар маросими рӯнамоӣ аз китобӣ Халиҷи Форс дар Теҳрон, таъкид кард: Тағйири номи Халиҷи Форс муқаддимаи моликият ва эҷод иддаоҳои дурӯғин дар тамомияти арзии Эрон аст.
Мушовири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тасреҳ кард: Осоре ки аз юнониён ба ҷо монда, нақшаҳое, ки мутаносиб бо шароити он рӯз тарсим шуда ва вожаҳои бакоррафта, мутародиф бо номи Халиҷи Форс аст.
Вилоятӣ ҳамчунин гуфт: Бархе мехоҳанд номи Халиҷи Форс ва ҳувият онро иваз кунанд то битавонанд бар Уқёнуси Ҳинд мусаллат шаванд, аммо мардум ва давлати Эрон пойи он истодаанд ва орзуи тасарруф ё тағйири номи он бар дили истеъморгарон хоҳад монд.
Китоби Халиҷи Форс дорои 120 нақшаи таърихӣ ва асноди мӯътабари байналмилалӣ дар бораи Халиҷи Форс аст, ки дар муддати чаҳор сол таҳқиқ ва ба 10 забони форсӣ, арабӣ, урду, англисӣ, испанияӣ, италияӣ, чинӣ, русӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ гирдоварӣ шудааст.
Ҳамчунин дар ин китоб 10 нома ва санади Созмони милали мунташир шуда, ки дар давраҳои мухталиф ба мавзӯъҳои зистмуҳитӣ, хокшиносӣ, дарёшиносӣ, гунаҳо ва мавҷудоти Халиҷи Форс ба сурати ҷомеъ пардохта шудааст.
Фардо душанбе 30 апрел, рӯзи ихроҷи португалияиҳо аз обҳои ҷануби Эрон, рӯзи милли Халиҷи Форс дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон номгузорӣ шудааст.