Апрел 29, 2018 16:46 Asia/Dushanbe
  • Се бонки эронӣ дар Олмон шуъба мезананд

Сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Олмон эълом кард: Бонкҳои эронии “Ховари Миёна”, “Сомон” ва “Сино” қасд доранд, барои тасҳили муровидоти тиҷории Эрон бо шуракои хориҷӣ бавижа Аврупо дар Олмон шуъба таъсис кунанд.

Алии Моҷидӣ дар гуфтугӯ бо Ирно афзуд: Тибқи барнома, бонки “Ховари Миёна”дар шаҳри Мюнхен ва бонки “Сомон” дар шаҳри Франктфурт шуъба мезанад, аммо бонки “Сино” ҳануз шаҳри мавриди назари худро таъин накардааст.  

Вай тасреҳ кард: Пас аз иҷрои барномаи ҷомеи иқдоми муштарак БАРҶОМ, Бонки миллии Эрон дар Гамбург, бонки “Сипаҳ”-и шуъбаи Франктфурт дар ҳавзаи тиҷорати хориҷӣ ва амалиёти арзии Эрон фаъол шудаанд.  

Моҷидӣ сатҳи равобити тиҷории Эрон ва Олмон дар соли гузаштаро се миллиарду чаҳорсад миллион доллар эълом кард ва гуфт: Дар 2 моҳи нахусти 2018 сатҳи муровидоти тиҷории Эрон ва Олмон, давоздаҳу ним дарсад афзоиш доштааст.  

 

 

Барчасп