Ойини Чароғи барот, талаби омурзиш барои гузаштагон ва ёдовари маод
Бо фаро расидани рӯзҳои нимаи моҳи Шаъбон маросими Чароғи барот дар саросари устони Хуросони Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст.
Моҳи Шаъбон дар Хуросон бо ойини Чароғи барот, ки бо нияти ёди амвот ва гузаштагон барпо мешавад, ҳамроҳ аст ва хуросониҳо ҳама сола дар нимаҳои моҳи Шаъбон бо ҳузур дар оромистонҳо бар сари мазори даргузаштагони худ ҷамъ мешаванд ва зимни хондани Қуръон барои шодии рӯҳи амвот, анвои хурокиҳоро бо ҳадафи эҳсон барои даргузаштагон, тавзеъ мекунанд.
Мардуми Хуросон муътақиданд, дар нимаҳои Шаъбон бо ибодат, талаби раҳмат ва мағфират барои даргузаштагон ва анҷоми корҳои хайр, аз Худованд мехоҳанд, бароти раҳоӣ аз оташи дузахро ба онон ато кунад.
Абурайҳони Берунӣ, донишманди бузурги эронӣ дар ин маврид менависад: “Сездаҳум ва чаҳордаҳум ва понздаҳуми ин моҳ (Шаъбон), Аёмалбайз ном дорад ва шаби понздаҳуми ин моҳ шаби бузургест ва Лайлаалсак ва Лайлалбарот ном дорад ва авоми мардум бар ин ақидаанд, ки сурати афродеро, ки дар он сол бояд бимиранд, Худованд дар он шаб ба малакулмавт нишон медиҳад”.
Бо гаравидани мардуми Хуросон ба дини ислом ин расм низ тағйир кард ва сурати ҷадиде ёфт ба тавре, ки мардум бар асоси боварҳои исломии худ, ғизоҳои мухталифро пухта ва хайрот мекарданд.
Дар одоби мардуми Машҳад Чароғи барот ва фонусҳое, ки бар мазори мурдагон равшан мекарданд, дар тӯли се рӯзи баргузории маросим, хомуш намешуд.