Май 01, 2018 16:44 Asia/Dushanbe
  • Эрон сездаҳумин қудрати низомии бартари ҷаҳон

Эрон бо ҳафт рада афзоиши рутба нисбат ба соли гузашта, сездаҳумин қудрати низомии бартари ҷаҳон шинохта шуд.  

Пойгоҳи Глобал Фоерповер дар тозатарин радабандии худ Эронро дар миёни 113 кишвари ҷаҳон аз назари қудрати низомӣ бо ҳафт рутба иртиқо нисбат ба 2017 дар радаи сездаҳум қарор дод.  

Барои рутбабандӣ 50 омили мухталиф аз ҷумла будҷаи низомӣ, мизони таҷҳизот, теъдоди нерӯ, мавқеияти ҷуғрофиёӣ, манобеи табиӣ ва шароити саноеи низомии бумӣ дар назар гирифта шудааст.  

Эрон ҳамчунин дар ин феҳрист дар Осиё низ пеш аз режими Исроил ва Арабистон дар ҷойгоҳи ҳафтум қарор гирифтааст.

Эрон дар радабандии соли гузашта, ҷойгоҳи бистуми ҷаҳонро дошт.

Амрико, Русия ва Чин се қудрати бартари низомии ҷаҳон ҳастанд.