Сентябр 01, 2016 12:20 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён: Рӯйкардҳои Саудӣ сабаби рушди терроризм шуд

Дастёри вижаи раиси маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар умури байналмилалӣ гуфт, рӯйкардҳои амниятӣ ва сиёсии Арабистон ба ташдиди ноамнӣ, нооромӣ ва рушди гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа мунҷар шуд.

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён дар мусоҳиба бо хабаргузори Спутник афзуд, рӯйкардҳои Арабистони Саудӣ дар минтақа ин рӯзҳо бештар ба рафтори мубтанӣ бар чорчӯбҳои шинохташудаи сиёсӣ ва мубтанӣ бар ақлоният нест ва шояд битавон бидуни иғроқ гуфт, ки дар мавзӯъҳои минтақаӣ, рафтор ва тасмимҳои гурӯҳи ҷадиди ҳоким дар Арабистон ҷунуномез аст.

Вай тасреҳ кард, таҷовузи Арабистон ба Яман нодир аст ва ба маънои воқеӣ ҷунуномез буд, зеро ба унвони яке аз сарватмандтарин кишварҳои арабӣ ба яке аз фақиртарин ва заифтарин кишварҳои арабӣ дар ҳамсоягии худ ҳамлавар шуд.

Муовини пешини вазири умури хориҷаи Эрон бо баён ин, ки беш аз 500 рӯз аз оғози ҳамлаи Арабистон ба Яман гузашта ва бисёре аз таҷҳизот ва зерсохтҳои Яман ҳадаф қарор гирифта ва нобуд шудааст, афзуд, бисёре аз занон, кӯдакон ва мардони ғайринизомии яманӣ кушта шудаанд, дар ҳоле ки Риёз аз ҳамон ибтидо метавонист масоили марбут ба Яманро аз равиши сиёсӣ ҳал кунад.

 

Барчасп