Такзиби иддаои ҳамкории сафорати Эрон дар Алҷазоир бо ҷибҳаи Полизарио
Пас аз эъломи қатъи равобити дипломатии Марокко бо Эрон ба баҳонаи кумак Эрон ба ҷабҳаи Полизарио, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ин иддаоро рад кард.
Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон зимни такзиби иддаои ҳамкории сафорати Эрон дар Алҷазоир бо ҷибҳаи Полизарио гуфт: Яке аз муҳимтарин пояҳои сиёсати хориҷии Эрон, мудохила накардан дар умури дохилии дигар кишварҳо буда ва хоҳад буд.
Насер Бурита, вазир хориҷаи Марокко сешанбе шаб иддао кард, Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки мавриди ҳимояти Эрон аст, аз ҷибҳаи Полизарио ҳимояти молӣ ва таслиҳотӣ мекунад ва ба шуморе аз нерӯҳои ин ҷибҳа, омӯзиши низомӣ додааст.
Ин дар ҳолест, ки Муҳаммад Ҳаддод, сухангӯи ҷибҳаи Полизарио иттиҳоми ҳимояти Эрон аз нерӯҳои ин ҷибҳаро сохтагӣ ва дурӯғ хонд ва таъкид кард, ҷибҳаи Полизарио бо Эрон ҳамкорӣ надорад.
Ҷибҳаи Полизарио созмони сиёсӣ-низомӣ дар Саҳрои Ғарбӣ аст.