Саркуби хунини тазоҳурот дар Париж ва осеб дидани гурӯҳи хабарии эронӣ
Май 02, 2018 13:34 Asia/Dushanbe
Аъзои гурӯҳи хабарии хабаргузории садо ва симои Эрон, ки аз тазоҳуроти Рӯзи ҷаҳонии коргар дар Париж ва ҳамлаи полиси Фаронса ба тазоҳуркунандагон гузориш таҳия мекарданд, бо хушунати полиси Фаронса маҷрӯҳ шуданд.
Ромини Тавҳидиён, тасвирбардори дафтари хабаргузории садо ва симои Эрон, ки бо гулулаи пластикии полиси зидди шӯриши Фаронса аз сар маҷрӯҳ шуда ва Шаҳсавори Ҳусайнӣ, хабарнигори садо ва симо дар бемористони Париж бистарӣ шуданд.