Май 03, 2018 11:37 Asia/Dushanbe
  • Интишори тарҷумаи китоби

Нахустин бор дар Эрон яке аз осори нависандаи шаҳири тоҷик Теймур Зулфиқоров ба кушиши коршиноси миз Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии Эко аз русӣ ба форсӣ тарҷума шуд.  

Китоби "Бозгашти Хоҷа Насриддин" асари Теймур Зулфиқоровро интишороти “Фарҳанг ва тамаддун” дар Теҳрон ба форсӣ чоп кардааст.  

Токунун ҳеҷ асари Зулфиқоров ба форсӣ тарҷума нашуда буд.

Неъматуллоҳи Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар пешгуфтори китоб навиштааст, лозим дониста шуд, китоби "Бозгашти Хоҷа Насриддин" бо ибтикори сафорат ва муассисаи фарҳангии ЭКО ба форсӣ тарҷума гардад.

Мутарҷими китоби "Бозгашти Хоҷа Насриддин" ба форсӣ, Шоҳмансур Хоҷаев, адиб ва коршиноси мизи Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) аст.  

Вай мутаваллиди 1971 дар Тоҷикистон аст ва токунун панҷ асари адабӣ бо тарҷума, таълиф ва ё тадвини ӯ мунташир шудааст.