Май 03, 2018 12:27 Asia/Dushanbe
  • Ниҳоӣ шудани қарордод миёни Эрон ва Иттиҳоди Евразия

Вазири иқтисоди Қазоқистон эълом кард, мувофиқатномаи муваққати эҷоди маҳдудаи озоди тиҷорӣ миёни Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии Евразия 17 май имзо мешавад.  

Темур Сулаймонов хотирнишон кард, қарор аст, ин тавофуқнома дар Ҳамоиши иқтисодии Остона имзо шавад.

Ба гуфтаи ин мақоми қазоқистонӣ, бозори ин кишвар тавоноии содироти ҳашт миллиард доллар коло ба Эронро дорад ва бо имзои ин тавофуқнома, тавлидкунандагони қазоқистонӣ ин фурсатро пайдо мекунанд, то содироти колоҳои худ ба Эронро 30 баробар афзоиш диҳанд.