Май 05, 2018 16:24 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар лузуми густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм

Муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, барои решакан кардани терроризм, ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳамроҳ бо иродаи сиёсии ҷиддӣ ва низ тавофуқот ва созу корҳои минтақаӣ, зарурӣ аст.

Ғуломҳусейни Деҳқонӣ, муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилали вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар конфронси байналмилалии «муқобила бо терроризм ва ифротигарӣ» дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон таъкид кард, бояд моҷароҷӯиҳои низомии бархе кишварҳо, ки тайи 15 соли ахир, авзои амниятии нобсомони кунуниро дар ҷаҳон эҷод кардааст, хотима дода шавад.

Деҳқонӣ афзуд, ишғоли 70 солаи Фаластин, мавзӯе аст, ки мебоист ба таври ҷиддӣ дар дастури кори маҷомеи байналмилалӣ қарор гирад.

Муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин нишаст бо ишора ба решаҳои ду падидаи шуми терроризм ва ифротгароӣ, бар лузуми таваҷҷуҳ ба идеологияи такфирӣ, ки мӯҷиби густариши танаффур миёни миллатҳои мухталиф шудааст ва ҳамчунин поён додан ба таҷовуз ва ишғоли хориҷӣ бавижа ишғоли Фаластин, таъкид кард.

Вай бо ишора ба беш аз 17 ҳазор қурбонии террор дар Эрон ва ҳамчунин муваффақиятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷанг бо терроризм, тасреҳ кард, хатари терроризм ва ифротгароӣ ва ранҷҳои ношӣ аз ин ду падидаи шум барои ҷаҳониён, мубориза бо терроризм ва ифротгароиро зарурӣ кардааст.

 

Барчасп