Май 05, 2018 16:53 Asia/Dushanbe
  • Кишварҳои аврупоӣ бузургтарин содиркунандаи маводи мухаддири “гул” ба Эрон

Муовини мубориза бо маводи мухаддири гумруки Эрон, гуфт, кишварҳои аврупоӣ бузургтарин содиркунандаи маводи мухаддири “гул” ба Эрон ҳастанд ва токунун иқдоме барои муқобила бо он анҷом надодаанд.

Неъматуллоҳи Мумвандӣ, муовини мубориза бо маводи мухаддири гумруки Эрон рӯзи шанбе бо ишора ба ирсоли маводи мухаддири “гул” аз кишварҳои аврупоӣ ба Эрон афзуд, аз тариқи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон маротиби эътирози худро дар ин робита ба Иттиҳоди Аврупо эълом кардаем, аммо онҳо ҳеҷ иқдоме накардаанд.

Неъматуллоҳи Мумвандӣ июни 2017 низ аз эътирози вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Иттиҳоди Аврупо дар бораи судури маводи мухаддири гул хабар дода буд.

Мумвандӣ таъкид кард, гумруки Эрон омодагӣ дорад, иттилооти мавриди ниёзи дастгоҳҳои муртабит бо қочоқи маводи мухаддири “гул”-ро дар ихтиёри тарафҳои аврупоӣ қарор диҳад, то саршохаҳои аслӣ ва мақсади маҳмулаҳо мушаххас шавад.

 

Барчасп