Суъуди тениси рӯйи мизи Эрон ба дастаи як ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i33686-Суъуди_тениси_рӯйи_мизи_Эрон_ба_дастаи_як_ҷаҳон
Тими миллии тениси рӯйи мизи Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии Шветсия, барои нахустин бор, иҷозаи ҳузур дар дастаи яки ҷаҳонро касб кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 05, 2018 14:06 Asia/Dushanbe
  • Суъуди тениси рӯйи мизи Эрон ба дастаи як ҷаҳон

Тими миллии тениси рӯйи мизи Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии Шветсия, барои нахустин бор, иҷозаи ҳузур дар дастаи яки ҷаҳонро касб кард.

Дар идомаи Мусобиқоти ҷаҳонии тениси рӯйи миз, ки дар Халмстад (Halmstad)-и Шветсия дар ҷараён аст, тими миллии тениси рӯйи мизи мардони Эрон, имрӯз (шанбе) бо пирӯзии се бар як дар бозӣ бо Украина, зимни суъуд ба финали дастаи ду, иҷозаи ҳузур дар дастаи як ҷаҳонро низ касб кард.

Тими миллии тениси рӯйи мизи мардони Эрон пеш аз ин муқобили тимҳои Люксембург, Портерико, Амрико ва Испания ба бартарӣ расида буд.

Эрон дар финал бояд ба масофи барандаи Венгрия ва Словакия биравад.

Рақобатҳои тениси рӯйи мизи тимии қаҳрамонии ҷаҳони 2018, аз рӯзи якшанбе (29 апрел) дар шаҳри Ҳалмстади Шветсия оғоз шудааст.

Ин давра аз рақобатҳо бо ҳузури 72 тим дар бахши мардон ва 72 тим дар бахши бонувон ва дар се дастаи аввал, дуввум ва сеюм баргузор мешавад.