Май 06, 2018 12:41 Asia/Dushanbe
  • Муттакӣ: Осиёи Марказӣ, ҳавзаи нақшофаринони ҷаҳон

Вазири хориҷаи собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Осиёи Марказӣ ҳавзаи нақшофаринони ҷаҳон дар минтақае ба зоҳир кӯчак аст.

Доктор Манучеҳри Муттакӣ имрӯз (якшанбе) дар ҳамоиши байналмилалии «Уфуқҳои ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ» дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, афзуд: Акнун Осиёи Марказӣ ба даври ҷадиде, ки замони бозёбии ҳувият ва нақшофаринӣ дар масофи рақобатҳост, пой ниҳодааст.

Ӯ бо ишора ба намуд ёфтани тамаъварзии кишварҳои хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ, афзуд: Осиёи Марказӣ дар ҳоли ҳозир бо чолишҳои амният, иқтисод, пешрафту тавсиа ва танзими равобит бо дигар кишварҳо рӯбарӯ аст.

Муттакӣ дар идома тасреҳ кард: Эрон дар рафтори сиёсӣ саъй дорад бо як стандарти қобили дифоъ бо кишварҳои минтақа иртибот дошта бошад.

Ӯ дар ин иртибот ба кишвари Тоҷикистон ишора кард ва ёдоварӣ кард: Тоҷикистон нахустин кишваре буд, ки дучор ихтилофоти дохилӣ шуд ва дар он замон Эрон бо садоқат ва самимият ва дар қолаби як стратегияи қобили дифоъ ба кумаки ин кишвар шитофт.

Ба гуфта вай, Эрон ҳамчунин аввалин кишваре буд, ки истиқлоли ин кишварро ба расмият шинохт ва маблағҳои зиёде барои иҷрои тарҳҳои рушди ин кишвар пардохт кард.

Вазири хориҷаи собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба ороиши ҷадиди минтақаӣ ҳам гуфт: Мо ногузир ба таърифи ҷадиди шароити мавҷуд барои тақвияти равобити кишварҳои минтақа ҳастем.

Муттакӣ тасреҳ кард: Амрико бояд аз шикастҳояш дар ду даҳаи ахир дар минтақаи Осиёи Марказӣ дарс бигирад ва бидонад даврони зӯрмадорӣ ва яккатозӣ ба сар расидааст.

Ҳамоиши байналмилалии «Уфуқҳои ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ» бо ҳузури меҳмононе аз Русия, Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон ва Эрон дар рӯзҳои шашум ва ҳафтуми моҳи майи ҷорӣ дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад баргузор мешавад.

Дар ин ҳамоиш суханрононе аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва кишварҳои минтақа дар панҷ нишасти тахассусӣ, охирин дидгоҳҳо ва таҳлилҳои худ дар хусуси таҳаввулоти минтақаи Осиёи Марказиро ба ду забони форсӣ ва русӣ ба баҳсу гуфтугӯ хоҳанд гузошт.