Май 07, 2018 11:38 Asia/Dushanbe

Ситораи тими миллии футболи Эрон баъд аз як фасли дурахшон, муваффақ ба касби унвони беҳтарин голзани лигаи Голландия шуд.

Алиризо Ҷаҳонбахш, муҳоҷим (ҳамлагар)-и эронии тими футболи “Alkmaar”-и Голландия, рӯзи якшанбе дар охирин дидори тимаш дар лигаи футболи ин кишвар, “Eredivisie” муқобили тими “Zwolle” муваффақ ба (Хет-трик) задани се гол шуд ва теъдоди голҳои худро ба 21 адад расонд.

Ҷаҳонбахш бо ин 21 гол, тавонист унвони беҳтарин голзани лигаи Нидерландро бадаст овард ва кафши тиллоии футболи Голландияро аз-они худ кунад.