Май 11, 2018 18:33 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии мардуми Эрон дар маҳкумияти душманиҳои Амрико

Роҳпаймоии мардуми Эрон дар маҳкумияти идомаи душманиҳо ва аҳдшикании Амрико дар БАРҶОМ, рӯзи ҷумъа дар саросари Эрон баргузор шуд.

Роҳпаймоии зиддиамрикоии мардуми Эрон дар беш аз 950 шаҳр баргузор шуд ва ҳазорон намозгузор пас аз иқомаи намози ҷумъа бо фарёди “Марг бар Амрико”, аҳдшикании Амрико дар БАРҶОМ-ро маҳкум карданд.

Дар Теҳрон низ садҳо намозгузор фарёди “Марг бар Амрико” сар доданд ва дар поёни роҳпаймоӣ, бо судури қатъномае эълом карданд, Амрико ҳадафе ҷуз тақобул бо ислом ва талош барои барандозии низоми исломӣ ва султаи шайтонӣ бар минтақа надорад.

Дар ин қатънома, мардум ҳушёрӣ дар музокираҳо, гирифтани тазминҳои воқеии ғайриқобилихадша ва иқтидор дар баробари зиёдахоҳиҳоро хости ҷиддии худ аз масъулон донистанд.

Дар ду рӯзи гузашта низ донишҷӯён, донишгоҳиён ва толибиилмони ҳавзаҳои илмӣ бо барпоии таҷаммӯъҳо, бархурди қотеи масъулон бо Амрико дар нақзи БАРҶОМ ва гирифтани тадбирҳои лозим барои таъмини манофеи милли Эрони исломиро хостор шуданд.