Эрон ҳамла ба масҷиде дар Африқои Ҷанубиро маҳкум кард
Сухангӯи вазорати умури хорҷаи Эрон ҳамла ба масҷиди шиъаён дар Дурбани Африқои Ҷанубиро маҳкум кард.
Ба гузориши идораи кулли дипломатияи расонаии Вазорати умури хорҷаи Эрон, Баҳроми Қосимӣ бо ибрози ҳамдардӣ бо давлат, мардум ва хонаводаи қурбониёни ин ҷинояти ваҳшатнок, таҳқиқи фаврӣ барои шиносоии авомили ин ҷиноят ва муҷозоти онҳоро зарурӣ донист.
Ӯ афзуд: Ин иқдом барои эҷоди ноамнӣ ва доман задан ба даргирӣ ва фитнаи мазҳабӣ сурат гирифта ва зарурат дорад муборизаи ҷиддӣ бо ифротигарӣ ва гурӯҳҳои такфирӣ ва решакании терроризм дар дастури кори ҳамаи кишварҳои ҷаҳон қарор гирад.
Рӯзи панҷшанбе се мард бо корд ба намозгузорони ҳозир дар масҷиди Имом Ҳусайн (а) дар Дурбан ҳамла карданд ва илова бар талош барои ба оташ кашидани масҷид, яке аз намозгузоронро куштанд, ду маҷрӯҳ низ вазъияти вахиме доранд.
Маросимҳои мазҳабии шиъаёни сокини пойтахти Африқои Ҷанубӣ ва давраҳои омӯзиши Қуръони Карим дар ин масҷид баргузор мешавад.