Май 12, 2018 14:21 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раҳбари муаззами инқилоб бар афзоиши бунияи илмии ҷаҳони ислом

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Уммати ислом бояд бор дигар ба авҷи иқтидори илмӣ ва тамаддунии худ бирасад, то душманони ислом ва амрикоиҳо натавонанд ба руасои кишварҳои исломӣ дастур бидиҳанд ва бояд ва набояд бигӯянд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори ширкаткунандагон дар Конгресси байналмилалии “нақши шиа дар пайдоиш ва густариши улуми исломӣ”, муҳимтарин ниёзи имрӯзи дунёи исломро ваҳдат ва якпорчагӣ ва ҳамчунин ҳаракати ҷиддӣ барои пешрафти илми дар ҳамаи улум донистанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: Имрӯз бедорӣ дар дунёи ислом бавуҷуд омадааст ва ба рағми талоши ғарбиҳо барои инкори он, ин бедорӣ заминасози гароиши бештар ба ислом ва навидбахши ояндае беҳтар аст.