Байтулмуқаддас хостгоҳи мусулмонон, масеҳиён ва яҳудиён аст
Роҳиби масеҳии рус гуфт: Интиқоли сафорати Амрико ба Байтулмуқаддас, тасмиме аҷулона ва манфур аст.
Юрий Куал Темнихобский дар Конфронси “Уфуқи Нав Қудс пойтахти ҳамешагии Фаластин” ба хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон гуфт, раисҷумҳури Амрико ба шиддат мутаассир аз маҳофили саҳюнистӣ аст ва иқдомоти ӯ, ҳимояти мардумӣ ва пайравони се мазҳаби бузургро дар пай надорад.
Вай гуфт, аз дидгоҳи мо, баргузории Конфронси байналмилалии Қудс иқдоме арзишманд ва ба мавқеъ аст, зеро ҳамагон иттилоъ доранд, ки Трамп бидуни мулоҳизоти адёни ҷаҳонӣ ба вижа мусулмонон амал кардааст.
Ин фаъоли зидди саҳюнист бо маҳкум кардани иқдоми Амрико дар интиқоли сафорати худ ба Байтулмуқаддас афзуд, Амрико ва Исроил наметавонанд бо чунин таҳаррукоти якҷонба ва мухолиф бо арзишҳои эътиқодии пайравони адёни бузурги ислом, масеҳият ва яҳуд, иқдомоти худро тавҷеҳ кунанд.
Вай дорои докторантураи забоншиносӣ, илоҳиёт ва мактаби абарогоҳист ва ба чандин забони зиндаи дунё ошност.