Эъломи фриконси барномаи саҳаргоҳии радиои тоҷикии Садои Хуросон
Май 15, 2018 12:58 Asia/Dushanbe
Бо оғози моҳи мубораки Рамазон, алоқамандони барномаи саҳаргоҳии вижаи ин моҳ аз радиои тоҷикии Садои Хуросон метавонанд аз рӯзи 17-уми май, ин барномаро рӯйи фриконси ҷадиди ин радио дарёфт кунанд.
Бахши саҳаргоҳии радиои тоҷикии вижаи моҳи Рамазон аз соати 02:00 то 03:30-и бомдод ба вақти Тоҷикистон рӯйи фриконси мавҷи миёнаи 720 килоҳертз ва мавҷи кӯтоҳи 5985 килоҳертз қобили дарёфт аст.
Бо ин ҳол шунавандагони радиои тоҷикии Садои Хуросон метавонанд бахши субҳгоҳӣ ва шомгоҳии ин радиоро ҳамчунон ба риволи собиқ рӯйи фриконсҳои қаблӣ бишнаванд.