Евразия бо Эрон тавофуқи иқтисодӣ имзо мекунад
Май 15, 2018 17:38 Asia/Dushanbe
Кумитаи иқтисодии Евразия бо давлати Эрон тавофуқномаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷорӣ имзо мекунад.
Хабаргузории расмии Қазоқистон (казтак) гузориш дод, Кумитаи иқтисодии Евразия қарор аст, ин тавофуқи ҳамкориро панҷшанбе дар шаҳри Остона имзо кунад.
Хабаргузории ТАСС низ гузориш дод, Кумитаи иқтисодии Евразия панҷшанбе дар Остона ҳамчунин дар як ҳамоиши иқтисодӣ, қарордоди ихтисосии муваққат барои барқарории тиҷорати озод бо Эрон имзо мекунад.
Юрий Ошаков, дастёри умури байналмилалии раисҷумҳури Русия ба ин хабаргузорӣ гуфт, ки бар асоси ин тавофуқ, як минтақаи озоди тиҷории муштарак бо Эрон роҳандозӣ хоҳад шуд.