Май 15, 2018 18:39 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи давлати ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба ҷинояти саҳюнистҳо

Давлати ҷумҳурии исломии Эрон бо интишори баёнияе ҷиноёти ахири саҳюнистҳоро маҳкум кард ва аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, поён ёфтани ишғолгарӣ ва таъмини ҳуқуқи фаластиниёнро тазмин кунад.  

Давлати ҷумҳурии исломии Эрон дар баёнияи худ овардааст: Қатли оми рӯзи гузаштаи мардуми мазлум ва бесилоҳе, ки дар эътирозоти мусоламатомез алайҳи ишғолгарӣ ва таҷовуз ширкат карда буданд, дар ҳоле сурат гирифтааст, ки давлати Амрико ҳамзамон дар ҳоли баргузории ҷашн ва пойкубӣ барои иқдоми ғайриқонунӣ ва таҳриккунандаи интиқоли сафорати худ ба Қудси шариф, он ҳам дар рӯзи накбат буд.  

Давлати Эрон дар ин баёния бо ибрози таассуф аз инки бархе мақомоти давлатҳои минтақа аз ирода ва дурандешии лозим барои шинохти тавтеаҳои душманон ва аслитарин мавзуоти ҷаҳони ислом оҷизанд, овардааст: Сарони ин кишварҳо, фиребхурдаанд ва бо гом ниҳодан дар масири дӯстии ошкор ва пинҳон бо режими саҳюнистӣ, ин режими ғосибро дар идомаи даст задан ба ҷиноятҳои зиддибашарӣ ва ваҳшиёна густохтар кардаанд.