Устоди шинохтаи адабиёти форсӣ: Ҷаҳоншоҳии забони форсӣ мадюни Фирдавсӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i34174-Устоди_шинохтаи_адабиёти_форсӣ_Ҷаҳоншоҳии_забони_форсӣ_мадюни_Фирдавсӣ_аст
Доктор Мирҷалолиддин Каззозӣ дар Конгресси байналмилалии шеър аз Тӯс то Нишопур дар Машҳад гуфт: Ҷаҳоншоҳии забони форсӣ аз Кошғар то Ереван густарда шуда ва ин густурдагӣ мадюни Фирдавсӣ аст.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 15, 2018 21:00 Asia/Dushanbe
  • Устоди шинохтаи адабиёти форсӣ: Ҷаҳоншоҳии забони форсӣ мадюни Фирдавсӣ аст

Доктор Мирҷалолиддин Каззозӣ дар Конгресси байналмилалии шеър аз Тӯс то Нишопур дар Машҳад гуфт: Ҷаҳоншоҳии забони форсӣ аз Кошғар то Ереван густарда шуда ва ин густурдагӣ мадюни Фирдавсӣ аст.  

Вай афзуд: дар размномаҳое чун Размномаи арманиён, Размномаи гурҷиён ва низ дар осори Александр Пушкин илҳомгирӣ аз Шоҳномаи Фирдавсӣ ошкор аст.  

Доктор Каззозӣ аз забони шӯрангези форсӣ ба бузургӣ ёд кард ва гуфт: Агар Фирдавсӣ покзод набуд, ҷаҳоншоҳии ин забон ҳам набуд.  

Дар идомаи маросим, доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ, дигар устоди барҷастаи забон ва адаб гуфт: Хуросони бузург ба шоироне чун Фирдавсӣ, Аттор ва Хаём меболад.  

Дар Эрон 25 урдибиҳишт (15 май) рӯзи Фирдавсӣ ва 28 урдибиҳишт (18 май) рӯзи Хаём ном гирифтааст.