Ройзании Зариф бо вазирони хориҷаи аврупоӣ дар бораи БАРҶОМ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i34178-Ройзании_Зариф_бо_вазирони_хориҷаи_аврупоӣ_дар_бораи_БАРҶОМ
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар Брюссел ҳузур дорад, бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Италия, Булғория,Утриш ва Испания телефонӣ дар бораи ҳифзи БАРҶОМ гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 16, 2018 08:59 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Зариф бо вазирони хориҷаи аврупоӣ дар бораи БАРҶОМ

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар Брюссел ҳузур дорад, бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Италия, Булғория,Утриш ва Испания телефонӣ дар бораи ҳифзи БАРҶОМ гуфтугӯ кард.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар ин гуфтугӯҳо дар хусуси Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ва лузуми ҳифзи он ба унвони дастоварди мунҳасир бафарди дипломосии муосир, ройзанӣ ва табодули назар кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин гуфтугӯҳо бар лузуми фурсат додан ба дипламатия дар замони фишурда барои тазмини баҳрамандии миллати Эрон аз БАРҶОМ таъкид кард.

Вазирони умури хориҷаи Италия, Утриш, Булғория ва Испания низ дар ин гуфтугӯҳо бо ҳимоят аз мавҷудияти БАРҶОМ - аз барномарезии кишварҳои аврупоӣ барои баррасии роҳҳои ҳифзи БАРҶОМ ва баҳрамандии Эрон аз манофеи он, таъкид карданд.

Вазирони хориҷаи чаҳор кишвари аврупоӣ ибрози умедворӣ карданд, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Эрон ва вазирони хориҷаи аврупоӣ ба чашмандози муштарак ва мусбате дар ҷаласаи сешанбе шаб (дишаб), ноил оянд.

Трамп,8-умай бо такрори иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон, хурӯҷи Вашингтон аз БАРҶОМ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаӣ зидди Эрон, тайи муддати се то 6 моҳи ояндаро эълом кардааст, ки бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷиҳ шудааст.

Ба думболи хурӯҷи Амрико аз тавофуқи байналмилалии БАРҶОМ, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо ба унвони тарафҳои БАРҶОМ тасреҳ карданд, аз ин тавофуқи байналмилалӣ ҳимоят мекунанд.