Ҳимояти Русия аз афзоиши тавлид ва содироти нафти Эрон
(last modified Fri, 02 Sep 2016 15:01:37 GMT )
Сентябр 02, 2016 20:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Русия аз афзоиши тавлид ва содироти нафти Эрон

Раиси ҷумҳурии Русия аз барномаҳои Эрон барои афзоиши саҳми содиротии худ дар бозорҳои нафти ҷаҳон ҳимоят кард.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия рӯзи ҷумъа гуфт, аз барномаҳои Эрон пас аз иҷро шудани БАРҶОМ, барои бозёбии нақшу саҳми худ дар бозорҳои нафтии ҷаҳон, дар чорчӯби роҳбурди афзоиши тавлид ва ҳамчунин арзаи нафт ба кишварҳои масрафкунанда ҳимоят мекунад.

Путин гуфт, Эрон барномаи худро аз сатҳи пойини тавлиди нафт шурӯъ карда, ки марбут ба даврони таҳримҳои зиддиэронӣ буда ва боқӣ мондани Эрон дар ҳамон ҳадди замони таҳримҳо ноодилона аст.

Раиси ҷумҳурии Русия таъкид кард, мавзӯи содироти нафти Эрон сиёсӣ шуда ва бояд ҳамаи тарафҳои шарик дар бозорҳои нафтие, ки ба ҳифзи баҳои одилона ва суботи арзаи нафт алоқа доранд, тасмими лозимро бигиранд.