28 урдибиҳишт - ёдрӯзи Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ
28-уми урдибиҳишт, баробар бо 18 май дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон Рӯзи бузургдошти Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ номгузорӣ шудааст.
Ҳаким Абулфатҳ Умар ибни Иброҳим Хайём, машҳур ба Хайём, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим ва шоири форсу тоҷик дар соли 439-и ҳиҷрии қамарӣ дар Нишопур зода шуд. Ӯ дар тартиби расади маликшоҳӣ ва ислоҳи тақвими ҷалолӣ ҳамкорӣ дошт.
Хайём нахустин касе аст, ки ба таҳқиқи муназзами илмӣ дар муодилоти дараҷаи аввал, дувум ва сеюм пардохта, табақабандии таҳсиноваре аз ин муодилаҳо овардааст. Агарчи пойгоҳи илмии Хайём бартар аз ҷойгоҳи адабии ӯ аст ва Хоҷа ал-Ҳақ лақаб доштааст, аммо овозаи ӯ бештар ба воситаи рубоиёташ аст, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Рубоиёти Хайёмро бо бештари забонҳои зиндаи дунё тарҷума кардаанд.
Эдвард Фитсҷералд рубоиёти Хайёмро бо забони англисӣ тарҷума карда, ки ин мавзӯъ сабаб шудааст, Хайём дар Мағрибзамин шуҳрати бисёр дошта бошад.
Марги Хайёмро дар Нишопур, байни солҳои 502-505 ҳиҷрии хуршедӣ, 517-520 ҳиҷрии қамарӣ медонанд. Мақбараи Ҳаким Умари Хайём дар шаҳри Нишопур, дар боғе қарор дорад, ки оромгоҳи орифи гаронмоя ва шоири шаҳир Аттори Нишопурӣ низ дар он воқеъ аст.
Осори илмию адабии бисёре аз Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ боқӣ мондааст, ки “Рисолаи равзат-ул-қулуб дар куллиёти вуҷуд”, “Рисолаи зиё-ул-улиё”, “Рисола дар табииёт”, “Рисола дар баёни зиги маликшоҳӣ”, “Рисолаи Низомулмулк дар баёни ҳукумат”, “Рубоиҳои форсӣ ва арабӣ” ва “Наврӯзнома” дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз аз он ҷумла аст.