Май 18, 2018 16:47 Asia/Dushanbe
  • Шарҳи Руҳонӣ дар бораи сабаби мушкилсозии Амрико ва саҳюнизм барои ҷаҳони ислом

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Саҳюнистҳо ва амрикоиҳо барои мунҳариф кардани таваҷҷуҳи ҷаҳони ислом аз мавзӯи Фаластин ба масоили дигар, ҳар рӯз мушкилотеро барои ҷаҳони ислом ба вуҷуд меоваранд.

Ҳасани Руҳонӣ рӯзи ҷумъа пеш аз тарки Теҳрон барои ширкат дар иҷлоси фавқулоддаи сарони Созмони ҳамкории исломӣ дар Истамбул, ба хабарнигорон дар Теҳрон гуфт: Иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Истамбули Туркия фурсате барои ҷаҳони ислом дар эъломи ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин, маҳкум кардани ҷинояти саҳюнистҳо ва интиқоли ғайриқонунии сафорати Амрико ба Қудси шариф аст.

Раиси ҷумҳурии Эрон афзуд: Интиқоли сафорати Амрико ба Қудси шариф хашми кишварҳои исломии ҷаҳонро барангехта ва Амрикоро беш аз ҳар замони дигаре назди афкори умумии ҷаҳони ислом манфур кардааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон низ, ки рӯзи ҷумъа барои ширкат дар нишасти фавқулоддаи Созмони ҳамкории исломӣ барои баррасии охирин таҳаввулоти Фаластин ба Истамбули Туркия сафар кардааст, дар мусоҳиба бо ИРНА гуфт: Бархе кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ ва Амрико ҳамсадо шудаанд ва аз аҳдофи ҷаҳони ислом дур ҳастанд.

Вай афзуд: Садоҳои эътироз, ки дар бархе кишварҳои арабӣ баланд шуда, нишон медиҳад, ки ҷаҳони ислом дар баробари ин ҳаракатҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ муттаҳид аст ва чанд кишвари вобаста наметавонанд намояндаи беш аз якуним миллиард мусулмони ҷаҳон бошанд.

Нишасти фавқулоддаи Созмони ҳамкории исломӣ барои баррасии охирин таҳаввулот дар Фаластин, маҳкумияти ҷиноёти саҳюунистҳо дар навори Ғазза ва интиқоли сафорати Амрико ба Қудс рӯзи ҷумъа бо ҳузури мақомоти беш аз 57 кишвари исломӣ дар Истамбул баргузор мешавад.