Сентябр 03, 2016 11:45 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти раиси ҷумҳурии Эрон ба муносибати даргузашти Каримов

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба кафили раёсати ҷумҳурии Узбакистон-Неъматуллоҳ Юлдошев, даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии ин кишварро таслият гуфт.

Ба гузориш пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми худ ба Неъматуллоҳ Юлдошев, кафили раёсати ҷумҳурии Узбакистон ба муносибати даргузашти Ислом Каримов, ҳамдардии миллат ва давлати Эронро бо миллат ва давлати ин кишвар эълом кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин паём барои раиси ҷумҳурии Узбакистон омурзиш ва барои давлат ва миллати ин кишвар низ муваффақият ва саодат орзӯ кард.

Дар ҳамин ҳол, вазири умури хориҷаи Эрон барои ширкат дар маросими хоксупории Ислом Каримов, дар садри ҳайати олирутбае роҳии Самарқанд, зодгоҳи Каримов шуд.

 Телевизиони давлатии Узбакистон асри ҷумъа эълом кард, Ислом Каримови 78 - сола пас аз як давраи беҳушии 5 рӯза, бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.

 

Барчасп