Сентябр 03, 2016 12:00 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Эрон роҳии Самарқанд шуд

Вазири умури хориҷаи Эрон дар садри ҳайати олирутбае барои ширкат дар маросими хоксупории Ислом Каримов роҳии Самарқанд шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз идораи кулли дипломатии расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон барои ширкат дар маросими хоксупории Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии собиқи Узбакистон, субҳи имрӯз (шанбе) Теҳронро ба мақсади Самарқанд, зодгоҳи Каримов дар Узбакистон тарк кард.

Зариф ба намояндагӣ аз давлат ва мардуми Эрон, бо ҳузур дар маросими хоксупории Каримов, тасалият ва ҳамдардии давлат ва мардуми Эронро ба давлат, мардум ва хонаводаи раиси ҷумҳурии Узбакистон иброз хоҳад кард.

Қарор аст, теъдоде аз мақомҳои олирутбаи дигар кишварҳо, ба вижа кишварҳои ҳамсоя низ дар ин маросим ҳузур ёбанд.

Маросими хоксупории Ислом Каримов рӯзи шанбе дар Самарқанд баргузор мешавад.

 

Барчасп