Май 21, 2018 14:14 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон дар бораи ҳеҷ мавзӯе фаротар аз БарҶом гуфтугӯ намекунад

Наздик ба ду ҳафта аз хуруҷи Амрико аз БарҶом мегузарад ва дар ин муддат музокироте байни Теҳрон ва Брюссел бо ҳузури мақомоти эронӣ ва аврупоӣ анҷом шудааст.

Иттиҳодияи Аврупо дар баёнияҳо ва дар тасмимоти нишасти Брюссел ҳимояти комили худро аз БарҶом эълом кардааст.

Бо ин ҳол, то ба даст омадани итминони комил аз тазмини манофеи Эрон аз БарҶом ҳеҷ гуна қатъияте дар мавриди мондани Эрон дар БарҶом вуҷуд надорад.

Бар ин асос ва дар чорчӯбҳои таъйиншуда дар музокироти Эрон ва тарафҳои аврупоӣ, дар аввалин комиссияи муштараки БарҶом бидуни Амрико, ки қарор аст ҷумъа, 26-уми май, дар Вена, дар сатҳи коршиносӣ ва сиёсӣ аз сар гирифта шавад, фақат мавзӯоти муртабит бо БарҶом миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар тарафҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар вокуниш ба ахбори бархе аз расонаҳои хориҷӣ дар бораи пешниҳоди бастаи ҷадид ба Эрон дар қиболи пазириши тавофуқи нав гуфт, чунин ахбор ва иддаоҳои берабт, реша дар утоқи фикрҳои расонаии саҳюнистҳо ва дигар ҳарҷумарҷталабони байналмилалӣ ва бадхоҳони миллати Эрон дорад, ки бо ҳадафи фазосозии манфӣ ва мунҳариф кардани масири гуфтугӯҳои Эрон ва дигар тарафҳои БарҶом сурат мепазирад.

Мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ибтидои иҷрои БарҶом ошкор ва шаффоф будааст. Эрон ба унвони як тарафи БарҶом ба ҳамаи тааҳҳудоташ амал карда ва ёздаҳ гузориши расмии мудири кулли ожонс дар хусуси БарҶом ин мавзӯро таъйид кардааст. Бо ин ҳол, Ҷумҳури исломи Эрон пас аз хуруҷи якҷониба ва ғайриқонунии Амрико аз ин тавофуқи байналмилалӣ, мондан дар БарҶомро ба ҳифзи манофеи худ аз БарҶом вобаста донистааст.

Муҳаммадтоҳири Канъонӣ, коршиноси масоили ҳуқуқи байналмилал дар бораи интизорот аз Аврупо дар қиболи ҳифзи БарҶом мегӯяд: “Агар Трамп таҳримҳоро алайҳи ширкатҳои аврупоӣ ва Чин ҷорӣ кунад ва монеи анҷоми муомилоти Аврупо бо Эрон шавад, поймолкунандаи асосномаи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ ва усули тиҷорати озод аст ва давлатҳои аврупоӣ дар ин созмон метавонанд алайҳи Амрико шикоят кунанд”.

Иқдомоти Аврупо аммо ҳанӯз дучори духурагиҳо аст. Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар дидори Мигел Ариас Конете, комиссари энержии Иттиҳоди Аврупо дар Теҳрон таъкид кард, тааҳҳуди Иттиҳоди Аврупо бар иҷрои БарҶом бо эъломи худдории эҳтимолии ширкатҳои бузурги аврупоӣ аз ҳамкорӣ бо Эрон, ҳамхонӣ ва мутобиқат надорад.

Камоли Харрозӣ, раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон дар гуфтугӯ бо рӯзнома итолиёии “Куриере Делла Сера” дар хусуси сарнавишти БарҶом мегӯяд, ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ ба рафтори кишварҳои аврупоӣ бастагӣ дорад ва агар Аврупо дар баробари ин таҳдид аз худ дифоъ накунад, оянда печидатар хоҳад шуд.

Табиист, ки ин дугонагӣ дар қиболи якҷонибагароии Амрико, ки як тасмими сиёсӣ ва дар ростои аҳдофи муғризонаи Амрико алайҳи Эрон аст, муассир будани роҳбурдҳои Иттиҳоди Аврупоро бо тардид мувоҷеҳ мекунад. Аврупоиҳо бояд бо тазминҳои асосноке нишон диҳанд, ки қодир ҳастанд аз манофеи худ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар БарҶом дифоъ кунанд.