Исроил то кунун чанд лубнониро ба қатл расондааст?
(last modified Sat, 05 Oct 2024 10:02:32 GMT )
Октябр 05, 2024 15:02 Asia/Dushanbe
  • Исроил то кунун чанд лубнониро ба қатл расондааст?

Вазорати беҳдошти Лубнон аз шаҳодати беш аз ду ҳазор лубнонӣ дар ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба ин кишвар хабар дод.

 Артиши режими саҳюнистӣ аз 23 сентябри соли ҷорӣ даври нави ҳамалоташ ба Лубнонро оғоз карда, ки то ин лаҳза низ ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши Порстудей, Вазорати беҳдошти Лубнон дар баёнияе эълом кард: Аз замони ҳамлаи густурдаи саҳюнистҳо ба Лубнон то кунун 2 ҳазору 23 ғайринизомӣ ба шаҳодат расидаанд, ки аз ин теъдод 127 нафар кӯдак ва 261 нафар зан ҳастанд. Тайи ин муддат ҳамчунин 9 ҳазору 526 тан маҷрӯҳ шудаанд.

Акнун беш аз 1 миллиону 200 ҳазор ғайринизомӣ дар Лубнон ба далели густурдагии ҳамалоти саҳюнистҳо овора шуда ва ниёзманди паноҳгоҳ ва имконоти асосӣ аз ҷумла оби ошомиданӣ, ғизо, пӯшок ва имконоти беҳдоштӣ ва дармонӣ ҳастанд.

 Дар ҷадидтарин ҷиноят, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз шанбе бемористони шаҳиди «Салоҳ Ғандур» дар ҷануби Лубнонро бомбаборон карданд, ки дар ин ҳамла 9 узви кодри дармонӣ захмӣ шуданд, ки ҳоли бештар онҳо вахим эълом шудааст.

 Дар ҳамин ҳол намояндагии доими Лубнон дар Созмони Милали Муттаҳид аз режими саҳюнистӣ ба далели ҳамла ба Лубнон ва поймолсозии қатъномаҳои Созмони Милал ба Шӯрои Амният ва Антонио Гуттереш, дабири кулли ин созмон шикоят кардааст.Дар ин шикоят омадааст: Исроил, нируҳои низомӣ, тонкҳо ва худравҳои зиреҳиро дар имтидоди марзи ҷанубии Лубнон мустақар карда ва ғайринизомиён, имдодгарон ва хабарнигоронро ҳадаф қарор медиҳад.