Май 22, 2018 09:00 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз доруи дармони бемории MS дар Теҳрон

Хати тавлиди доруи дармони бемории “multiple sclerosis” (фаромӯшхотирии чандҷиҳатӣ) рӯзи душанбе дар Теҳрон рӯнамоӣ шуд.

Яъқуби Ҳақиқатниё, мудири кулли ширкати дорусозии “Тавфиқ”-и Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон гуфт, нишони тиҷории доруи дармони бемории MS пеш аз ин дар инҳисори як ширкати саҳюнистӣ буд, ки дар иқдоми ғайриинсоние фурӯши онро ба беморони эронӣ мамнӯъ карда буд. Ҳақиқатниё афзуд, мутахассисони дорусозии Эрон муваффақ шуданд, пас аз солҳо пажуҳиш ҳама мароҳили тавлиди доруро ба анҷом бирасонанд ва ҳамакнун маҳсули ниҳоии доруи дармони бемории MS ба сурати анбуҳ тавлид мешавад.

Мудири кулли ширкати дорусозии “Тавфиқ”-и Эрон гуфт, мутахассисони дорусозии Эрон бо тавлиди доруи дармони бемории MS инҳисори режими саҳюнистиро дар бозорҳои ҷаҳонӣ шикастанд ва дар нахустин гом ин дору аз Эрон ба Туркия содир мешавад.

Бемории MS ё “multiple sclerosis” як бемории нотавонкунандааст, ки дар он системаи эминии бадан шурӯъ ба ҳамла ба мағз ва нухоъ мекунад ва боиси фалаҷ шудану азкорафтодагии андомҳо мешавад.