Зариф: Давлати Амрико зиндонии гурӯҳҳои фишор аст
(last modified Wed, 23 May 2018 10:57:11 GMT )
Май 23, 2018 15:57 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Давлати Амрико зиндонии гурӯҳҳои фишор аст

Вазири хориҷаи Эрон давлати кунунии Амрикоро зиндонии гурӯҳҳои фишор дар ин кишвар хонд.  

Муҳаммадҷаводи Зариф дар ҳошияи ҷаласаи ҳайъати давлат дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: Масъулони давлати кунунии Амрико, зиндонии тасаввуроти ғалат худ ва ҳамчунин зиндонии гурӯҳҳои фишори фосиди даруни ин кишвар ҳастанд.  

Зариф, ки дар вокуниш ба суханони Майк Пампо, вазири хориҷаи Амрико сухан мегуфт, афзуд: Суханони Пампо нишондиҳандаи варшикастагии сиёсати хориҷии Амрико аст, ки ба як сиёсати хориҷии иҷораии таҳти нуфузи гурӯҳҳои фишор табдил шудааст.