Зариф: Давлати Амрико зиндонии гурӯҳҳои фишор аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i34560-Зариф_Давлати_Амрико_зиндонии_гурӯҳҳои_фишор_аст
Вазири хориҷаи Эрон давлати кунунии Амрикоро зиндонии гурӯҳҳои фишор дар ин кишвар хонд.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 23, 2018 11:27 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Давлати Амрико зиндонии гурӯҳҳои фишор аст

Вазири хориҷаи Эрон давлати кунунии Амрикоро зиндонии гурӯҳҳои фишор дар ин кишвар хонд.  

Муҳаммадҷаводи Зариф дар ҳошияи ҷаласаи ҳайъати давлат дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: Масъулони давлати кунунии Амрико, зиндонии тасаввуроти ғалат худ ва ҳамчунин зиндонии гурӯҳҳои фишори фосиди даруни ин кишвар ҳастанд.  

Зариф, ки дар вокуниш ба суханони ‏ Майк Пампо, вазири хориҷаи Амрико сухан мегуфт, афзуд: Суханони Пампо нишондиҳандаи варшикастагии сиёсати хориҷии Амрико аст, ки ба як сиёсати хориҷии иҷораии таҳти нуфузи гурӯҳҳои фишор табдил шудааст.