Май 24, 2018 12:55 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи фатҳи Хуррамшаҳр, ҳамосаи пурифтихори таърихи Эрон гиромӣ бод

Фатҳи Хуррамшаҳр, шаҳре дар ҷануби ғарби Эрон, ойинаи гуёе аз таърих ва ҷуғрофиёи дифои муқаддас ва ҷиҳоди огоҳона ва шуҷоати мазлумонаи миллати Эрон аст.  

Озодсозии Хуррамшаҳр яке аз муҳимтарин аҳдофи амалиёти Байтулмуқаддас дар давраи ҷанги Эрон ва Ироқ буд, ки пас аз 578 рӯз ишғол, дар рӯзи севуми Хурдоди 1361 шамсӣ (1982) муҳаққақ шуд.

Ин пирӯзи ба лиҳози низомӣ, нуқтаи атфе дар таърихи ҷанги Эрон ва Ироқ шинохта шуда ва аз ин рӯз ба унвони намоде аз пирӯзӣ, муқовимат ва истодагӣ дар баробари душман ёд мешавад.  

Фатҳи Хуррамшаҳр инъикоси ҷаҳонӣ дошт ва севуми Хурдод ба унвони рӯзи муқовимат, исор ва пирӯзӣ дар тақвими расмии Эрон номгузорӣ шудааст.