Май 25, 2018 16:08 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Идомаи ҳузури Эрон дар БАРҶОМ ба тасмимҳои Аврупо бастагӣ дорад

Муовини сиёсии вазири умури хориҷа ва раиси эронии ситоди пайгирии иҷрои Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак - «БАРҶОМ» рӯзи ҷумъа бо баёни инки Эрон ҳанӯз ба ин тасмим нарсидааст, ки оё дар БАРҶОМ хоҳад монд ё на, гуфт: Идомаи ҳузури Ҷумҳурии Исломии Эрон дар БАРҶОМ ба тасмимоти Аврупо бастагӣ дорад.

Сайидаббоси Ироқчӣ пеш аз баргузории нишасти комиссияи муштараки БАРҶОМ дар Вена тасреҳ кард, Аврупо бояд ба Эрон бигӯяд, ки дар сурати бозгашти таҳримҳо чӣ гуна қодир хоҳад буд, манофеи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар БАРҶОМ таъмин кунад.

Нишасти комиссияи муштараки БАРҶОМ имрӯз ҷумъа бо ҳузури намояндагони Эрон, Бритониё, Олмон, Фаронса, Чин ва Русия ва муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар Вена баргузор хоҳад шуд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико сешанбе 8 май бо такрори иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон, хуруҷи Вашингтон аз БАРҶОМ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаӣ тайи муддати 3 то 6 моҳи ояндаро эълом кард.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шуд.

Бритониё, Фаронса, Русия, Чин, Олмон ва Иттиҳодия Аврупо ба унвони тарафҳои БАРҶОМ тасреҳ карданд аз ин тавофуқи байналмилалӣ ҳимоят мекунанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ чаҳоршанбе шаб дар табйини шароити лозим барои идомаи БАРҶОМ бо Аврупоииҳо таъкид карданд: аврупоиҳо бояд қатъномае алайҳи Амрико ба шӯрои амният бибаранд, бояд мутааҳҳид шаванд баҳси мушакӣ ва ҳузури минтақаии Эронро мутлақан матраҳ накунанд, бо ҳар гуна таҳрими Амрико алайҳи Эрон муқобила кунанд, бояд хариди нафт аз Эронро низ ба миқдори мавриди ниёзи Эрон тазмин кунанд ва бонкҳои аврупоӣ ҳам бояд дар бораи дарёфт ва пардохти пулҳои тиҷорати давлатӣ ва хусусӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон тазмин диҳанд.